Исматулло Насредин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд

26 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон доктор Ориф Алвӣ Исматулло Насрединро бинобар анҷоми фаъолияти дипломатиаш ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохурӣ Президенти Покистон ба Исматулло Насредин барои саҳмаш дар тавсеа ва густариши ҳамкорҳои назаррас байни ду кишвари дӯст изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи дипломатӣ муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE