Гела Шекиладзе сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид

Мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки қаблан ёвари Петр Сегрт буд, сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тамоми ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ду соли охир дар даста кор намудаанд, бо тими миллии мамлакат ҳамкориро идома медиҳанд. Ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.

Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ намудааст.  Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Илова бар ин, Шекиладзе ёвари Сегрт дар дастаҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.

Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro»-и УЕФА мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE