5,6-СОЛИ ҲУКМ БА ХОТИРИ ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ РАВИЯИ “САЛАФИЯ”
Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов барои ҷонибдорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои равияи динию экстремистии «Салафия», ки дар Тоҷикистон аз соли 2009 мамнӯъ эълон гардидааст, бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи хабари сарчашма, нисбат ба Ҳаитов А.Б бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов А.Б.-ро гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин намудааст.
Гуфта мешавад, ки Ҳаитов А.Б аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият намуда, аз аъзои номаълуми равияи «Салафия» таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равияи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.