Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо 11 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи «World Judo Tour»- Antalya Grand Slam-2024, ки аз 29 то 31 март бо иштироки 525 ҷудочӣ аз 88 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, иштирок менамояд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин маврид хабар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар, аз ҷумда Аҳлия Муминова дар вазни то 52 кг, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кг, Обид Дҷебов ва Эмомалии Нуралӣ, ҳарду дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов, ҳарду дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов, ҳарду дар вазни то 100 кг муаррифӣ менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE