Натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Рӯзҳои 8 ва 9 январи соли 2024 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва баланд, аз ҷумла мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ баргузор гардиданд.

Дар доираи нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз як қатор ширкатҳои технологию инноватсионӣ ва маҷмааҳои таърихию фарҳангии шаҳри Теҳрон боздид ба амал оварданд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмӯъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷратии байни Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳанд кард.

Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

— Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муованати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва фановарӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ;

Ҳамчунин, дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ як қатор чорабиниҳою муколамаи судманд баргузор гардида, зимни онҳо як қатор созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва маводҳои доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои сохторҳои бахши хусусӣ байни ду давлат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар аснои ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмӯъ, барои амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE