ПАГОҲ ДАР САҲНИ БИНОИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НАМОИШ-ФУРӮШИ КИТОБ ДОИР МЕГАРДАД

Пагоҳ, 21 январ,  аз соати  08:00 то 13:00 Нашриёти «Адиб»  дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи талабу дархости кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ  ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп  расидаанд,  ташкил хоҳад кард.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар  намоиш – фурӯш  китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва  асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб,  Фарзона, Озарахш ва  Озар  пешниҳоди дӯстдорони мутолиа  мегарданд.

Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок менамоянд, ки  дӯстдорони мутолиа  метавонанд дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE