Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО шинос шуданд.
Дар Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаҳои маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маъраз гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.
Сарони давлатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши мол байни Тоҷикистону Узбекистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.
Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дониста мешавад. Ин аст, ки барои устуворсозии риштаҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорон асосҳои воқеъӣ муҳайё мебошад.
Иродаи қавӣ ва иқдомҳои хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон бо устуворсозии решаҳои дӯстиву бародарӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷониба, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мустаҳкам гардонидани робитаҳои дӯстии мардумони тоҷику узбек, афзун намудани гардиши мол, истифодаи самаранок аз захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло 400 корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистону Узбекистон фаъолияти пурсамар доранд. Соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ҳамкории тиҷоратиро зина ба зина густариш медиҳанд.