Дар Душанбе оид ба ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоиш доир шуд

11 июн дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзуи «Ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ-далелҳо, камбудиҳо ва афзалият» чорабинии канорӣ баргузор намуд.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайати мамлакатҳо, олимону коршиносони масоили обу иқлим иштирок намуданд. Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба раванди муҳоҷират дар миқёси ҷаҳон ва минтақа таъсири ҷиддӣ дошта, яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани таъсири манфии он татбиқи амалии нақшаи мамлакатҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва иқлим, татбиқи сиёсати мамлакат дар самти тағйирёбии иқлим ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои то соли 2040 ба «мамлакати сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар чорабинӣ ҳайатҳо масъалаҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли 2025 – «Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо», «Панҷсолаи амал оид ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ», омодагӣ ба Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва рафти татбиқи стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мамлакатҳои минтақа ва нақши онҳо дар танзими муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE