Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»

Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо шарики қавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст. Дар ин хусус имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин замина Антониу Гутерриш таъкид кард, ки айни ҳол обшавии босуръати пиряхҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

«Бинобар обшавии босуръати пиряхҳо оби зиёд ҳосил мешавад, ки таъсири онро имрӯз дар ҷаҳон мебинем, — иброз дошт Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид  . — Ин раванд дар охир ба беобӣ оварда мерасонад».

Антониу Гутерриш изҳор намуд, ки Созмони Милали Мутаҳҳид  Тоҷикистонро дар ҷараёни гуфтушунидҳое, ки дар доираи Конфронси тағйирёбии иқлим (COP29) дар Озарбойҷон баргузор мешавад, фаъол дидан мехоҳад.

Мавсуф таъкид намуд, ки нақши бевоситаи Тоҷикистон дар пешгирии обшавии пиряхҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон  бисёр муҳим аст.

Дар идома Дабири кулли СММ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббусҳои муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Аргентина ҷиҳати татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» таъсис дода шуд.

Нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» 15 декабри соли 2023 таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Аргентина дар Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи Созмон баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE