Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
6 июл сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Бо нишони эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин баргашт.
Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.
Руйдоди таърихии сафари давлатии Роҳбари кишвари ҳамсоя бо Ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин мукофоти олӣ дар таърихи давлатдории Чин бори аввал берун аз кишвар ва он ҳам ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии муҳтарам Си Ҷинпин дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе чорабинии муҳиму хотирнишин — ифтитоҳи биноҳои наву муҳташами Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки самараи неки ҳамкории ду давлат ва намунаи олии муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад.