ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июли соли 2024, №455 “Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ” ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ, ҳамзомон дар доираи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе” тибқи қарордоди DWSWP/W-04 (лоти 4), қитъаи №72, корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии хатҳои муҳандисии обу корезӣ, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури навхобонидашудаи қутраш 1020 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 800мм дар хиёбони Сино ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар минтақаҳои зерин:-
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароунаҳр, Камонгарон, Чортеппа, шаҳракҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00-и 15 июли соли 2024 то соати 16-00-и рӯзи 16 июли соли 2024 қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.