СУТ: Коршиносон таҳқиқи коронавурсро дар Чин идома медиҳанд

Гуруҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки бо ҳадафи мушаххас кардани сабабҳои паҳншавии пандемияи коронавирус ба Чин рафта буданд, аз бозори маҳсулоти баҳрии шаҳри Вуҳон дидан кардаанд.

Коршиносон дар ин бозор ҳамагӣ ба муҳлати як соат иштирок намуда, аз суҳбат бо рӯзноманигорон саркашӣ кардаанд. Коршиносон ҳамчунин ба беморхонаҳо ва дигар бозорҳои ин шаҳр рафта, вазъи санитарӣ ва омилҳои пайдоиши ин бемориро санҷидаанд.

Мавриди зикр аст, ки бори аввал моҳи декабри соли 2019 ин беморӣ дар бадани кормандони ин бозор ошкор шуда буд. Бисёре аз мутахассисон бар ин боваранд, ки коронавирус аз ҳайвон ба инсон гузаштааст. Ҳамзамон, мутахассисон ба таври сунъӣ сохта шудани ин вирусро аз эҳтимол дур намедонанд.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE