Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонии муосири дар он муҳайёгардида, шинос шуданд.

Бинои нави Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 8250 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар умум дар бинои нави Шуъбаи тиббӣ 28 ҳуҷраи корӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо барои 20 корманди тиб шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Зимни боздид аз имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми шуъба 18 ҳуҷраи табобатӣ бо 46 кати хоб мавҷуд буда, дар як вақт 46 нафар метвоонанд ба табобати статсионарӣ фаро гирифта шаванд.

Дар таҳхонаи бино ошхона барои 20 нафар, ҳуҷраи озмоишгоҳи биохимиявӣ ва клиникӣ, ҳуҷраи акси рентгенӣ, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва ғайра мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якум дармонгоҳи шуъба ҷойгир шудааст ва аз ҳуҷраҳои кории маъмурият, табибони гушу гулу ва бинӣ, пӯст, асабшинос, бемориҳои дарунӣ, ҳуҷраи қабули беморон, бақайдгирӣ, ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва духтури дандон иборат аст.

Ошёнаи чорум бошад, аз ҳуҷраҳои маҳс, физиотерапевтӣ, (ЛФК) табиатшифоӣ, муҳосибот, толори маҷлисӣ ва ҳуҷраҳои корӣ иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд моҳи марти соли 2023 оғоз шуда, бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Байзоев ва аз ҷониби ширкати “Тоҷфилизсохтмон” бунёд гардидааст.

Сарвари давлат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони шуъба тавсия доданд, то аз шароити фароҳамгардида мақсаднок истифода баранд ва барои беҳбудии саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони соҳа талоши бештар намоянд.

Гуфтан зарур аст, ки бинои пешинаи Шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки аз соли 1997 дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд, ба талаботи имрӯза мутобиқ набуд ва акнун кормандон дар бинои наву замонавӣ аз шароити муосири кору хизматрасонӣ бархурдор гардиданд.

Муассисаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани вазъи беморхонаҳо ва татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёд шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE