Дар Тоҷикистон бори аввал Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Аз 1 то 3 октябри имсол дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» баргузор мегардад, ки дар он 20 узви Раёсати Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда аз 40 ҳунарманд аз давлатҳои аъзои Шуро, 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ҳошияи Фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.
Имрӯз нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан доир шуда, зимни он рамзи фестивал тасдиқ гардид. Минбаъд дар ҳама маводи расмии марбут ба фестивал ин рамз истифода карда мешавад.
Рамзи Фестивали байналмилалии ҳунармандии «Озар» аз ситораи равшани ҳашткунҷа, ки ифодагари маънои Истаравшан мебошад, иборат аст. Атрофи ситора бо гулкории ислимӣ ҳаккокӣ шудааст, ки ҳунари бостонии ҳунармандони шаҳри Истаравшан маҳсуб мешавад. Дар қисмати болои рамз расми «Қалъаи Муғ» тасвир ёфта, дар марказ калимаҳои Озар ва Истаравшан бо ҳарфҳои лотинӣ ҷойгир шудаанд, ки марбут ба номгузории фестивал ва ҷойи баргузории он мебошанд. Инчунин дар маркази рамз расми корд ҷой дода шудааст. Дар поёни кунҷи рости дохили рамзи фестивал бо чор ранг рамзи ориёӣ ҳамчун чархи даврзананда инъикос гардидааст.
Ҳамчунин дар зери ситораи ҳашткунҷа бо ҳарфҳои лотинӣ ва забони англисӣ матни «INTERNATIONAL FESTIVAL OF CRAFTS. ISTARAVSHAN-2024» навишта шудааст, ки дар мавридҳои зарурӣ ин матн бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ истифода бурда мешавад.