Дар Душанбе таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

12-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: стратегия, дастовардҳои илмию амалӣ ва дурнамои соҳа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гашт, ки дар он Гулбаҳор Ашурзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артур ван Дизен, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Виктор Олшавский, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед зимни баромади хеш дар конфронси мазкур иброз дошт, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, Ҷаноби Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ таҳти ѓамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд. Дар ин даврон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат баромад карда, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ тамоми шаҳрвандон, новобаста аз синну сол ва ҷинсият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаро гирифта шуда, ҳар як қишри аҳолӣ дорои кафолатҳои муайяни пешбининамудаи қонунгузорӣ мебошанд.

Тавре зикр гардид, яке аз дастовардҳо ё муваффақиятҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз замони Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз – аз он иборат аст, ки дар тӯли ин давра пойгоҳи таъминоти ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз нав ташаккул ёфтаву мураттаб гардида, ҳамзамон миқдори зарурии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷодаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар замони соҳибистиқлолӣ-ин ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, ки дар ин давра нисбатан тақвият дода шудааст. То соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 25 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд ва тайи 33 соли сипаригардида шумораи онҳо ба 120 муассиса расонида шудааст, ки 3,5 маротиба зиёд мебошад. Шаклҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз 5 ба 10 намуд, номгӯйи хизматҳои иҷтимоӣ бошад, аз 8 ба 40 адад ва категорияҳои истифодабарандагон аз 8 ба зиёда аз 20 гурӯҳ расонида шуданд.

Аз соли 2008 ин ҷониб дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шакли нави хизматрасонии иҷтимоӣ таҳти унвони хизматрасонии будубоши рӯзона ҷорӣ гардида, тавассути фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ 58 марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои маъюбият, пиронсолону маъюбон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, қурбониёни савдои одамон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ташкил гардидаанд.

Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати инсондӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории мутақобилан судманди созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар Тоҷикистони азизамон низоми мукаммали ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташаккул ёфта, дар ташкилоту массисаҳои он зиёда аз 4000 кормандон баҳри таъмини сиёсати иҷтимоии кишвар, бунёди шароити зиндагии арзанда ба мардум, хусусан табақаҳои осебпазири аҳолӣ хизмат карда истодаанд.

Дар идомаи конфронс як қатор иштирокчиён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE