Дар Молдава даври дуюми интихоботии президентӣ баргузор гардид
Дар Молдава даври дуюми интихобот баргузор гардид. Даври аввали ин маракаи муҳими сиёсӣ 20 октябри соли ҷорӣ бо номзадии президенти феълии ин кишвар Майя Санду ва бо номзадии додситони кулли пешин Александр Стояногло ҷараён гирифт. Дар даври аввали интихобот Майя Санду 42 дарсад ва Александр Стояногло 26 дарсад овозҳоро ба даст оварданд. Дар ҳоле ки ҳеҷ кадоме аз номзадҳо 50% бар иловаи як овозро ба даст наоварданд, ки барои пирӯзии комил лозим аст. Аз ин лиҳоз даври дуюми интихоботро баргузор намуданд. Президенти феълии ин кишвар Майя Санду пирӯзии хешро дар ин интихобот эълон доштааст, дар ҳоле ки ҳисоби овозҳо ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Вале аз руи шуморидани 95 фоизи овоздиҳандагон маълумот доданд, ки Майя Санду нисбати рақиби хеш пешсаф аст. Санду бо шарофати овозҳои Молдоваҳои муқими хориҷа овозҳои бештарро соҳиб гаштааст. Мувофиқи маълумотҳо то соати дуи имрӯз ба вақти маҳаллии ин кишвар, овозҳои 98,8 фоизи ҳавзаҳои интихоботӣ ҳисоб карда шуданд. Санду қариб 55 фоиз, Стояногло 45 фоизи овозҳоро соҳиб шудаанд.
Бояд гуфт ки Александр Стояногло аз Ҳизби сотсиалистии Молдава номзадии худро пеш мебарад. Дар соли 2020 бошад Игор Додон аз ин ҳизб номзад буд ва яке аз рақибони Майя Санду ба ҳисоб мерафт.
Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки дар сафоратхонаҳои Молдава дар хориҷ ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардидааст, ки дар онҷо шаҳрвандони Молдава ба номзади Президент овоз медиҳанд.
Айни замон шумориши овозҳо идома дорад. Ҳамин тавр, бо эҳтимолияти зиёд, расонаҳо менависанд, Майя Санду барои давраи дуюми президентӣ дубора интихоб мешавад.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе