Бензема соҳиби туби тиллоӣ шуд

 Маросими ҷоизасупории туби тиллоӣ барои соли 2022 шоми сипаригашта дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж сурат гирифт, ки дар он Карим Бензема ҳамалагари дастаи шоҳии Испания беҳтарин футболбози мавсими анҷомёфта дар варзиши рақами 1 эълон гардид. Ҳамлагари Реали Мадрид дар овоздиҳӣ бо баратарии бузург ва бидуни ягон эҳтимолият ғалаба ба даст овард. Бо фарқияти зиёд пирӯз шудан на дар ҳама мавсим имкон дорад. Соли гузашта то охирин лаҳзаҳо ғолиби туби тиллоӣ номаълум боқӣ монда буд, аммо дар ниҳоят Леонил Месси маротибаи ҳафтум барандаи ин ҷоиза гардид.

         Барои чӣ маҳз ба Бензема ин ҷоиза насиб гардид? Карим Бензема дар мавсими гузашта Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳоро маротибаи панҷум дар давоми фаъолияташ ба даст овард. Ҳамчунин дар ин сол футболбози фаронсавӣ беҳтарин нишонзани ин мусобиқаи умумиаврупоӣ бо 15 гол дар 12 дидор гардид. Бо 27 гол дар мавсими гузаштаи Ла лига нишонзани ин мусобиқа ва бо дастаи Реал қаҳрамони Испания гардид. Дар умум дар мавсими гузашта дар 46 бозӣ 44 гол ба номаш сабт намуд. Ин нахустин туби тиллоӣ дар фаъолияти бозингарии Карим Бензема ба шумор меравад. Ин футболбоз дар сини 34 солагӣ соҳиби ҷоиза гардид, ҳарчанд ин рекорд набошад дар футболи муосир футболбози фаронсавӣ калонсолтарин ҷоизадори туби тиллоӣ гардид. Дар ин овоздиҳӣ футболбози африқоӣ Садио Мане аз дастаи Ливерпул зинаи дуюм ва Кевин де Брюне аз Манчестер Сити мақоми сеюмро ишғол карданд.

         Дар маросими ҷоизасупорӣ барои беҳтаринҳо Алексия Путеляс аз дастаи Барселона  соҳиби туби тиллоӣ ва беҳтарин футболбоззани мавсими гузашта гардид. Футболбози дигари Барселона Гави ҷоизаи Копаро ҳамчун беҳтарин бозингари ҷавон соҳиб шуд. Ҳамлагари Барселона Роберт Левандовски ҳамчун беҳтарин ҳамлагар дар мависми бо Бавария сипари намуда бо ҷоизаи Герд Мюллер қадрдонӣ шуд. Беҳтарин дарвозабон Тибо Куртуа дарвозабони Реал Мадрид бо ҷоизаи ба номи Лев Яшин сарфароз гардонида шуд. Манчестер Сити бошад беҳтарин дастаи мавсим эътироф гардид.

                                                                                                                             Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE