РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РӮЗИ СУЛҲ, РӮЗИ ЭҲЁИ МИЛЛӢ
16 ноябри соли 1992 дар тақвими таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи хуҷастаи таърихиву тақдирсози миллат ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои зарҳалин ҷовидонӣ сабт шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи муборак муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз ҳамон лаҳза муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо тарафдори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Аввалин гомҳои устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Ҳамчунин 6-уми ноябри соли 1994 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Конститутсия роҳи идораи президентиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяну мушаххас намуд ва дар иҷрои ин вазифа масуълияти бузургеро ба миён гузошт.
Президент будан дар навбати аввал ҷасорат ва баъдан масъулият аст. Тақдири миллионҳо нафарро масъул будан ва барои беҳбуди рӯзгори онҳо самарабахш талош кардан танҳо ба гуфтанҳову хонданҳову шуниданҳо осон аст. Таҷрибаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки президент будан кори ҳар нафар несту ба ҳар кас даст намедиҳад ва танҳо нобиғаҳо метавонанд, ки дар ин мақоми пурмасъул устуворӣ дошта бошанду истодагарӣ намоянд. Тақдир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои халқи тоҷик гардонд, то дар тақдири ин халқ нақш дошта бошанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ рӯидаву садои халқро мешунаванд ва ҳамин аст, ки халқ Президентро қабул кардаасту эътироф менамояд.
Воқеан, таърихи башарият шахсиятҳоеро ёд дорад, ки рӯзгору корномаашон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Онҳо дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ бо назару диди фарох амал карда, корномаҳои тақдирсоз анҷом дода, дар сарнавишти мардуми сайёра нақши бориз доранд ва талошу ҷонбозиҳояшон дар чаҳорчӯби анъанот ва қонунгузорӣ қадршиносӣ шудаанд. Дар қатори ин фарзонагон, барҳақ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ва Пешвои миллат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ, ба хотири рушди мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳим барои ҷомеаи кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиставу пурсаодат барои халқ бо дарки масъулияти баланди ватандориву соҳибдавлатӣ на танҳо ҳама хираду маҳорат, ақлу заковат ва донишу истеъдоди хешро сарф кардаанд, балки дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҳастии худро дареғ надоштаанд. Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат Тоҷикистони нав соҳиби Истиқлол гардидаро дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба мардуми тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохтанд.
16 НОЯБР , САНАИ ТАЪРИХИЕ, КИ МОРО БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТ РАҲНАМУН КАРД
Ҳар давлати соҳибистиқлол дорои муқаддасот ва рамзҳои миллиест, ки ҳастии таърихӣ ва рисолатҳои қонунии ӯро таҷассум менамояд, расмият мебахшад ва ҳамчун субъекти ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқӣ муаррифӣ мекунад. Ин муқаддасот, аз ҷумла рукнҳои бунёдгузори иттиҳоди ҷомеа маҳсуб мешавад, ки талошу пайкорҳои мардумро барои пиёда кардани манфиатҳои миллӣ ва пайрезии ҷомеаи мувофиқ ба хостаҳо ва армонҳои миллии худ ба неруи муташакккили созанда табдил медиҳад. Дар баробари гиромидошти Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчун арҷгузории Конститутсия ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ба самти мақоми олие, ки кафили татбиқи Қонуни асосӣ ва бадин васила ҳифзи муқаддасоти давлатӣ мебошад, як амри мантиқист.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо сулҳу ваҳдатсозӣ ба майдону саҳнаи роҳбарӣ омаданд. Равнақу пешравии ҳаёти халқи тоҷик, нозиданҳову фараҳу шодии миллат ва ҳар субҳи босафои сулҳу амонии кишвари мо ба ҳамин нияти хайри Пешвои миллат ҳамбастагӣ доранд. Бидуни шак, барои наслҳои имрӯзу минбаъда чунин бардошту хулосае ҳосил хоҳад гашт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенту роҳнамо мавҷудияту бақои як давлатро нигоҳ доштаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тоҷикони ҷаҳон дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун Пешвои ҳақиқии халқ бо ниятҳои неку созанда, мақсадҳои наҷиби бунёдкорона кишвари моро ба шоҳроҳи тараққиёт ворид карданд. Ин буд, ки халқ эътимоди худро ба Роҳбари ягона ва арзандаи интихобнамудаи худ эҳсос намуда, ҳамеша ҷонибдории хешро аз сиёсти ин абармард иброз медорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои давлатӣ боз як рӯзест барои муттаҳиду сарҷамъ гардидан дар атрофи Пешвои муаззами миллати худ маҳсуб шуда, санаи таконбахш ба хотири боз ҳам ободу зебо, пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлату миллати худ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумист
Таърихи инсоният борҳо исбот кардааст, ки соҳибистеъдодони бузург ҳамеша ва бо ҳар шакле зуҳур мекунанд. Махсусан гоҳи таҳаввулоти ҷиддии таърих, ки мебояд лаҷоми давлатдорӣ дасти нафарони росткору қавиирода бошад.
Дар урфият ҳам чунин таъбирҳо вуҷуд доранд: “ба халқ наздик”,“аз миёни мардум баромадааст”,“фарзанди халқ”, “вакили мардум”,“писари Ватан” ва амсоли инҳо. Ин таъбирҳо аз забони мардум ҳосил шудаву таҷрибаи мардуманд ва ҳар кадом дорои маънӣ ва мантиқи худ аст. Мардум таҷрибаи андӯхтаи худро ба наслҳои минбаъда, қабл аз ҳама, аз тариқи он намояндагони худ, ки нисбат ба хираду заковати мардум бештар таъсирпазиранд, интиқол медиҳанд; аз тариқи касоне, ки ҳамеша бо халқанд, касоне, ки онҳоро “фарзанди халқ” меноманд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқ аст. Аз ин рӯ, Президенти мо хислати мардумӣ дорад, ки он бо сифатҳои халқи тоҷик, аз қабили заҳматдӯстӣ, иродаи қавӣ, хушзеҳнӣ, сабурӣ, дили кушод, хайрхоҳӣ, оштинопазирӣ бо душманони миллат, сарбаландӣ, устуворӣ дар рӯбарӯи мушкилот, тахайюлу тафаккури бадеӣ, шавқи шеърдӯстӣ, идораи эҳсосот, ҳамбастагии нияти неку саъю кӯшиш тавъам аст.
Ин сифатҳо на фақат марбут ба мардуманд, балки аз хислатҳои зарурии сиёсатмадор ва раҳбари сиёсианд. Вай на фақат беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намудааст, балки ба халқ хидмат мекунад. Хидмате бо шӯру шавқ, хидмате боэътимод ва пайгирона! Ӯ бо тамоми неру ва ҷаҳду кӯшиш, ки лаёқаташро дорад, хидмат мекунад ва лаёқату маҳорати вай камназир аст. Вақте ки чунин манбаи қавии неру – хидмат ба халқ вуҷуд дорад, дар он сурат самараи он бидуни интизорӣ зуд зоҳир мешавад. Пас кору иқдоми касе, ки барои таъмини манфиатҳои халқ саъю талош мекунад, низ судманду самаровар хоҳад буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҷумлаи чунин сиёсатмадорони мардумист.
Имрӯз бо гузашти 33-соли истиқлоли давлатӣ бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои миллати точик як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.
Бо гузашти 32 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуомада, метавон хулоса намуд, ки он дар асл рӯйдоди таърихиест, ки дар баробари дигар ҷанбаҳои муҳими худ, баҳри ташаккули дарки арзишии таърих мусоидат намуд. Шинохти рӯйдоди зикргардида ҳамчун “Иҷлосияи таърихӣ” ва “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Иҷлосияи наҷатбахш” ва ғайраҳо худ гувоҳи он аст, ки аҳамият ва моҳияту арзишмандии онро кулли ҷомеа эътироф намудааст. Дар ин замина дар шуури ҷамъиятӣ шакли махсуси муносибат ба ин Иҷлосия ташаккул ёфтааст. Имрӯз мо ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, зеро Сарвари давлат тавонистанд, ки дар лаҳзаи басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшанд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ҚОСИДИСУЛҲ ВАМЕЪМОРИВАҲДАТ
Мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 16 ноябр ботантана ҷашн мегиранд. Ин рӯзи мубораку таърихӣ аз 14 майи соли 2016, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муқаррар гардида, нуҳ сол мешавад, ки ботантана ва бо ифтихору вафодорӣ аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.
Мақсад аз таҷлили ин рӯз, аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ, ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.
Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардиданд.
Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ба маънои ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки ин рӯзро ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ватандӯст ҳамчун ҷашни хурду калони озоду осудаи Тоҷикистон меҳисобанд.
Бояд иқрор шуд, ки фаъолияти муназзами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард. Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хоси худ дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта, эътирофи байналмилалиро касб намуд.
СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бидуни ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муассир мебошад. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои зербиноии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
АҲАМИЯТИ РУЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН
Рӯзи Президент яке аз идҳои муҳими хусусияти сиёсӣ ҳуқуқӣ мебошад, ки ҷанбаҳои амиқи таърихӣ дорад. Бо дарназардошти тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷҷикистон соли 2016 ворид гардид, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз таърихи ҷашн гирифтани Рӯзи Президент аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ пайдо намуд. Чунки маҳз дар натиҷаи интихоб шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ба суйи ташаккули ҷумҳурии президентӣ кушода шуд. Гарчанде падидаи сиёсӣ – ҳуқуқии президент ба ҳайси мансаби олии ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ солҳои 1990-1992 ҷорӣ шуда бошад ҳам, буҳрони амиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имкон надод, ки он мукаммал гардида, ҳамчун падидаи низомсози давлатӣ рушд намояд.
Баъд аз муддате бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аксари холигиҳо бартараф гардида, боби алоҳида оид ба Президент тариқи раъйпурсии умумихалқӣ муқаррар карда шуд. Тамоми муваффақиятҳо дар ин ҷода ба ташаббусҳои Пешвои миллат алоқамандии бевосита дошта, кушодашавии саҳифаи комилан наве дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад, ки бо мактаби давлатдории худ эътиқоду эътимоди мустаҳкам доранд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) имкон дод, ки муддати хеле кӯтоҳи давлатдорӣ дар асоси принсипҳои умумиэътирофшудаи башарӣ – таҷзияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардида, сулҳу суботи устувор пойдор бошад.
Дар авроқи таърих, аз оғози тамаддун то имрӯз, қавму миллатҳоро ҳадиси корномаҳои фарзанди фарзона, диловар ва хирадманди тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Дар ин рӯзи муборак, ки халқи Тоҷикистон иқболи баланд ва бахти бедори худро ҷашн мегирад, дасти дуо мебардорем, ки мардуми тоҷик бо садоқату ихлос аз Пешвои муаззами худ шукргузорӣ кунанд. Боқӣ, дар масири бунёдкорӣ ва ояндасозиҳо ҳамеша муваффақу пирӯз бошанд. Таманниёти мо ҳамин аст, ки пеш аз ҳама Сарвари давлат дар болои сари мо бошанд, тоҷи миллат бошанд ва ҳамин гуна офтобе монанд, ки аз нури фаҳму хирад ва раҳму шафқаташ дигарон баҳра бубаранд. Ҳумоюн бод, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Фирӯз КАРИМЗОДА,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”
Неъмат ДАВЛАТОВ,
Муовини Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе