Дар рӯзҳои аввали соли нав Англияро обу хавои номусоид фаро гирифтааст

Дар рӯзҳои аввали соли нав Англияро обу хавои номусоид фаро гирифтааст. Ҳавошиносон дар Британия дар бораи обу ҳавои се рӯзи баъд ҳушдор додаанд. Дар шимоли ин кишвар ҳаво шадидан сард шудааст. Бар асари яхбандӣ дар роҳи оҳан ва боридани барф дар баъзе минтақаҳо ҳаракати қатораҳо ба таъхир афтода, ҳаракат дар шоҳроҳҳо низ баста шудааст. Дар шимоли Англия аз 5 то 30 сантиметр барф боридааст. Обуҳавошиносон огоҳӣ додаанд, ки аз рӯзи шанбе то рӯзи душанбе дар қисмати зиёди Англия, ҷануби Шотландия ва тамоми Уэлс бориши барф дар назар аст. Мақомот аз қатъ шудани иртиботи нақлиётӣ ва эҳтимоли қатъи нерӯи барқ низ ​​ҳушдор медиҳанд. Зиёда аз 100 маҳаллаи аҳолинишин аз эҳтимоли обхезӣ огоҳӣ гирифтанд. Дар канори шаҳри Манчестер, ки боришоти якмоҳа ба қайд гирифта шудааст, аллакай об ба болои боми мошинҳо баробар шуда, сокинони чанд манзили зериобмонда маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE