Баргузории ҳамоиши муқовимат ба савдои одамон
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон гузаронида шуд.Баргузории ҷаласаи мазкур дар асоси банди 1-уми Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022 таҳти рақами 55 тасдиқ шудааст, пешбини гардидааст. Савдои одамон ҳамчун ҷинояти вазнин ва падидаи номатлуб на танҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овардааст. Дар иртибот бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муқовимат ба савдои одамон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба татбиқи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон диққати ҷиддӣ медиҳад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе