Дар Душанбе таҳти унвони “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо” ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр доир ба Осиёи Марказӣ конфронси минтақавиро таҳти унвони “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид. Конфронс тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардида, дар конфронс роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, масъалаҳои пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ, арзёбии ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳое, ки дар доираи Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули “иқтисоди сабз”, таҳкими иқтидори содиротии кишварҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт.
Конфронс аз се бахши асосӣ иборат буда Дар доираи бахши аввал “Нақши Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ” ҳолат ва дурнамои ҳамгироии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,Аз ҷумла:
- самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- имкониятҳо ва иқтидори мавҷуда баҳри ҳамгироӣ;
- нақши Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ;
- мушкилоти минтақавӣ ва усулҳои муассири ҳалли онҳо.
Дар доираи бахши дуюм “Таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши чолишҳои нав” иштирокчиён масъалаҳои зеринро муҳокима намуданд : - чолишҳои муосир ва таҳдиди онҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ;
¬- мушкилоти асосии таъмини амнияти минтақавӣ; - усулҳои муосири таъмини амнияти минтақавӣ;
- масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии механизми муқовимат ба таҳдидҳои мавҷуда (таҳдидҳои иттилоотӣ, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир).
Дар бахши сеюм “Ҳолат ва дурнамои рушди “иқтисоди сабз” дар фазои ОМ” масъалаҳои зерин баррасӣ шуд:
Шарифиддин Каримов Садои Душанбе.