Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Давлати Исроил 22 июни соли 2025 ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъиян маҳкум намуда, аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа даъват ба амал меорад.

Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст ва аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE