Байни Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкории илмию таҳқиқотӣ густариш меёбад
3 феврал зимни мулоқоти Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана (Perdane Dialogue Foundation)-и Ҷумҳурии Малайзия Муҳаммад Рафӣ Юсуф масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус дар Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти Марказ ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани машварату ҳамоишҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана Муҳаммад Рафӣ Юсуф барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Малайзия, махсусан Бунёди муколамаи Пердана ҳавасманди рушди ҳамкории бисёрсамта ва барои ҳарду ҷониб судманд бо Тоҷикистон аст.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, баргузор намудани симпозиуму конфронсҳои илмӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди муколамаи Пердана мувофиқи мақсад шуморида шуд.