Нишастҳои матбуотии 30 июл

30 июл Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии омор соати 08:30 дар Агентии мазкур баргузор мешавад. Хадамоти гумрук нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз доир мегардад.

МД «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 15:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE