Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомию қудратӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар сохторҳои низомию қудратӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовар, Муовини якуми раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавону варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, кадрҳои корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои командирони қисмҳои низомӣ, комиссарони ҳарбӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои Вазорати мудофиа, роҳбарияти чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои гуногуни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон таъин карда шуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоҷикистон, муомилаи хуб бо мардум, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, дуруст ба роҳ мондани мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфта, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бо касбияти баланд тарбия намудани кадрҳои ҷавон ва дар маҷмуъ ба омодагии ҳамаҷониба ба ҳифзи марзу бум ва амну суботи кишвар ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва кор бо шаҳрвандон манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷои аввал гузошта шавад.