Фирдавсӣ: имсол беш аз 3539 бех ниҳол шинонида шуд

Ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ дар саросари кишвар тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ бо маром ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи он шурӯъ аз оғози сол то ба имрӯз якчанд давраи шинонидани гулу бутаҳои ороишию сояафкан сурат гирифт.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фирдавӣ то ба имрӯ 360 ҳазор дона ниҳоли гул шинонида шудааст. Фазлиддин Шарипов, сарагрономи ноҳия дар робита ба ин гуфт, аксари ниҳолҳои шинонидашуда дар ҳудуди кишвар парвариш ёфта, қисми дигари он аз хориҷ ворид карда мешавад.

Мавсуф зикр дошт, ки гулу бутаҳо дар чанд рӯзи охир пурра шукуфта, ба симои ноҳияву шаҳр зиннату қабои дигаре мебахшанд. “Гулу буттаҳои орошӣ, ки ин айём дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ барои фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт шинонда шуданд, ба парваришу нигоҳубини махсус ниёз пайдо мекунанд. Дар баробари шинонидани гулҳои ороишӣ ҳамчунин масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаву гулгаштҳои ноҳия дарахтони нодири сояафканро амсоли дуб, кипарис, сузанбарг ва ғайра низ парвариш менамоянд. Имсол низ беш аз 3539 бех номгӯи чунин дарахтҳо аз хоҷагиҳои ватаниву хориҷа ворид гардида, дар минтақаҳои мувофиқ шинонида шуд”, – гуфт Фазлиддин Шарипов, сарагрономи ноҳияи Фирдавсӣ.

Маврид ба зикри  хос аст, шинонидани беш гулу бутаҳо дар ин айём барои мо аз чанд омил манфиатовар мебошад. Аввалан ҳисси зебоипарастиро дар замири мо бедор месозад, сониян мо метавонем ҳавои аз ҷиҳати экологи тозаю безарарро нафас бигирем.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE