Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо хизматчиёни ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28- сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бохизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарби иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат нақши ҳар як афсару аскарро дар таъмини амният, субот ва оромии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда иброз доштанд, ки минбаъд низ ин неъмати бебаҳоро бояд ҳифзу гиромӣ дошт. Дар ҳошияи ин суҳбати хушу хотирмон радиои “Садои Душанбе” андешаҳои иштирокдоронро шунавид, ки фишурдаашро манзури хонандагони гиромӣ месозад.
Неъматуллои Холиқ, афсари Гваврдияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” гуфт,бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллии кишвари мо бо навтарин техникаву дастгоҳҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардида, ба як қувваи пурқуввати минтақа табдил ёфтааст:
Дар суҳбат Пешвои миллат зикр карданд, ки сафи занону бонувони шуҷою далер имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаротиб меафзояд. Ба андешаи афсари ҳарбӣ Шогул Ғуломҳайдарова занон низ метавонанд дар баробари афсарон пайи ҳимояи марзу бум равона гарданд, зеро онҳо низ эҳсоси масъулият ва ватандӯстӣ доранд ва хушбахтона, бо талошҳои Ҳукумати кишвар ин иқдом, яъне таъмини баробарии зану мард дар соҳаи ҳарбӣ ҳам эҳсос мешавад.
Абдухалимзода Хуршед, ки дар вохӯрии дирӯза ширкат намуда буд, дар суҳбат бо мо гуфт, ки сол аз сол эҳсоси ватандӯстии ҷавонон баланд мегардад. “Шумораи зиёди ҷавонон, ки ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд, далел ба гуфтаҳост. Сатҳу сифат ва шароит дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ бамаротиб беҳ гардида, сарбозон аз хизмарасониҳои ҷорӣ ба таври фаровон истифода менамоянд”, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз дар Кохи Борбад баргузор гардид, бо итминон иброз доштанд, ки мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсис ёфта, дар ин давраҳо аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар суҳбат бо мо иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ истиқбол мегирад.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”