Узрхоҳии Ёдгор Файзов аз мардуми ВМКБ

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати вилоят гуфт, пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят нокифояанд.

Ӯ зимни суханронии худ аз сокинони вилоят узр хост. “Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, – гуфт раиси ВМКБ.

Ёдгор Файзов афзуд, ки айни ҳол се нақшаи бузург рӯи дастанд ва татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, тайи солҳои 2021 – 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи раиси имкон медиҳанд, мардум тайи ду – се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE