Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
- Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 феврали соли 2021
№127