Фардо дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг баргузор мегардад
18 марти соли 2026 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Намояндагони васоити ахбори оммаро ба брифинги мазкур даъват менамоем.

