Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония
9 март мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ дар кишвари мо мубодилаи афкор сурат гирифт.