Восеъ: 250 сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бориши шадид дар ҷануби Тоҷикистон сабаби вуқӯи ҳолати фавқулода гардид.

28 март дар наздикии мавзеи Чорчашмаи деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, мавзеи Хоҷаи Шоми деҳаи Гултеппаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб баландшавии сатҳи об ба қайд гирифта шуд. Ин сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани бандҳои муҳофизатии оби дарёҳо гардид.

Ҷиҳати таъмини амнияти сокинони деҳаи Гултеппаи Ҷамоати деҳоти Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 250 нафар сокинони маҳаллиро ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд. Бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Ҳотамшо Латифзода ситоди доимиамалкунанда таъсис дода шудааст.

Бо мақсади пешгирии рахнашавии бандҳои об кормандони Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 40 тахтасанги оҳану бетонӣ оварда, 20 адади онҳоро дар қисматҳои вайроншудаи банди муҳофизатӣ ҷиҳати истеҳком ва барқарор намудани бандҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои дорои хатари рахнашавӣ насб карданд. Инчунин дар дарёи Сурхоб, дар наздикии Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20 тахтасанги оҳану бетонӣ насб карда шуд.

Барои гузаронидани корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ҷалб шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иловагӣ сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ҷудо намудааст. Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома доранд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE