Шералӣ Мирзо ба Эрон рафт
Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар Шералӣ Мирзо бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот намуда, доираи васеи масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористиро баррасӣ намояд.