Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара даргузашт
Таибиддин Муҳаммедов, сардухтури Бемористони марказии шаҳри Исфара, дар суҳбат бо мо гуфт, Иқбол Тешаевро субҳи имрӯз дар ҳолати вазнин аз хонааш оварданд ва пизишкон талош карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале бенатиҷа буд. Ӯ афзуд, сабаби даргузашти Иқбол Тешаев “норасогии кори дилу рагҳо” аст. “Саҳар оварданд мо як соат хизматрасонӣ кардем, дилро барқарор карда нашуд”, – афзуд сардухтур.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Иқбол Тешаев чанд вақти охир бо расонаҳои зери раҳбарии ӯ ҳамкорӣ дошт, гуфт, “маросими дафни Иқбол Тешаев имрӯз дар ҷамоати Ворухи Исфара баргузор мешавад”.
Иқбол Тешаев зодаи шаҳри Исфара ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд ва ахбори муҳим, ба вижа роҷеъ ба масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро дар ихтиёри расонаҳо қарор медод.