“Реал Мадрид” қадамҳои бузург ба сӯи даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо мегузорад

Шоми гузашта дидорҳои аввали даври чорякниҳоии мусобиқаи Лигаи Дастаҳои қаҳрамони Аврупо доир гардид. Мухлисони сершумори варзиши рақами 1 имкон пайдо карданд, дар ин шоми шоҳиди дидорҳои ҷолибу рақобатҳои шадиди дастаҳои пурзури аврупоӣ гарданд. Нахуст дастаҳои Реал Мадриди Испанияву Ливерпули Англия ва Манчестер ситиву Борусия Дортмунди Олмон вориди майдони рақобат шуданд.

Дастаи шоҳии Испания Реали Мадрид дар доираи дидорҳои нахустини даври чорякниҳоии Мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо  бо дастаи «Ливерпул»-и Англия вориди майдони рақобат шуд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Алфредо ди Стефано»-и шаҳри Мадрид баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи «гаразмониҳо» анҷом ёфт. Шогирдони Зайнидин Зидан аз оғоз бозиро ба даст гирифта, ҷониби дарвозаи рақиб ҳамлаҳои пайдарпайро созмон медоданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 27-ум ҳамлагари ҷавону бомаҳорат Винисиус Жуниор пас аз партофти Тони Кроос дарвозаи «Ливерпул»-ро рахна сохта, дастаашро ба пеш баровард. То анҷоми нимаи аввал мизбонон тавонистанд, пешсафии худро дучанд намоянд. Дар дақиқаи 36-ум Асенсио аз иштибоҳи муҳофизатгари «Ливерпул» истифода бурда, голи дуюми «Реал»-ро вориди тӯри дарвозаи Алисон Бекер намуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба суди «Реал» анҷом ёфт. Дар тӯли 45 дақиқаи қисми якуми дидор шогирдони Клопп ягон зарба ҷониби дарвозаи Тибо Куртуа зада натавонистанд.

Нимаи дуюми вохӯрӣ бо ҳамлаҳои дастаи «Ливерпул» оғоз гардид. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 51-ум ҳамлагари мисрии «Ливерпул» – Муҳаммад Салоҳ ба як голи «Реал» ҷавоб гардонида, ҳисобро 2:1 кард. Аммо ин ягона голи шогирдони Клоп буд, ки дар ин дидор ба нишон расид. Пас аз ин дар дақиқаи 65-ум Винисиус голи сеюми «гаразмониҳо»-ро ба самар расонида, дублро ба номаш сабт намуд. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи шогирдони Зидан хотима пазируфт. Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” – Зинедин Зидан аз натиҷаи бозии дастпарваронаш изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштааст, ки ғалаба ба мо рӯҳияи баланд бахшид, аммо ҳоло ин анҷоми кор нест. Ман аз ҳар як футболбоз ифтихор мекунам, гарчанде ки бозии ҷавобӣ дар пеш аст.»— иқтибос овардааст Marca аз суханони Зидан. Бо ин пирӯзи дастаи Реал Мадрид заминаи мувофиқеро барои гузариш ба даври ниманиҳоӣ гузошт. Рақобати дуюми дастаҳо рузи 14-уми апрел дар назар дошта шудаст.

Дар рақобати дигар дар доираи даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо “Манчестер Сити”-и Англия дар майдони худ “Боруссия”-и Дортмунди Оломнро қабул кард. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дар дақиқаи 19-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Кевин Де Брюне ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 84-ум бошад, ҳамлагари “Боруссия”-и Дортмунд Марко Ройс натиҷаро баробар кард. Дар охири вохӯрӣ нимҳимоятгари “Манчестер Сити” – Филип Фоден бо голи задааш пирӯзии “МС”-ро дар ин бозии муҳим таъмин кард. Бозии ҷавобии дастаҳо 14 апрел дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и Дортмунд баргузор мешавад. Дар доираи ин даври мусобиқа шоми имрӯз дидори дастаҳои Портуи Португалия бо Челсии Англия ва Баварияи Олмону ПСЖ-и Фаронса дар назар дошта шудааст.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE