Ширкати Қаҳҳорзода дар Форуми Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба маблағгузорӣ барои рушд
12 апрел Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба маблағгузорӣ барои рушд, ки тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи мамлакат хабар доданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси маблағгузорӣ барои барқароршавӣ аз COVID-19 ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор-2030 сухан гуфт.