Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин гардид
Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин гардид.