Иштирокчиёни даври ниманиҳоии Лигаи Аврупо муайян шуданд

Шоми гузашта дидорҳои ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқаи Лигаи дастаҳои Аврупо доир гардида, иштирокчиёни марҳилаи ниманиҳоии мусобиқаро муайян намуд. Дар ин шом ду дастаи англис Манчестер Юнайтед ва Арсенал тимҳои Гранада ва Славия” – ро ба мағлубият дучор намуда, роҳи худро дар рақобати қаҳрамонӣ идома хоҳанд дод. Дар рақобатҳои дигар дастаи Рома бар тими Аякс ва Виляреал бар Динамо Загреб пирӯз омаданд.

Дар доираи рақобатҳои ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқаи Лигаи дастаҳои Аврупо дидори дастаҳои “Славия” – и Чехия бо “Арсенал” – и Англия доир гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Синобо Стедиум доир шуда бо натиҷаи 0:4 бар нафъи тими англис ҷамбаст гардид. Футболбозони англис аз дақиқаҳои аввал ба ҳуҷумҳои пай дар пай гузашта, танҳо дар нимаи аввал ба задани се гол даст ёфтанд. Нахуст дар дақиқаи 18-ум Николя Пепе ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. Пас аз се дақиқаи дигар ҳамлагар Александр Лаказетт натиҷаро 2:0 кард. Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари “Арсенал” Букайо Сака голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонид. Дар нимаи дуюм бошад бозам Ляказет нуктаи ниҳоиро дар ин рақобат гузошта, ба номаш дублро сабт кард.

Бояд гуфт, ки бозии аввали дастаҳо дар Лондон бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Ҳамин тавр «Арсенал» аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо бартарии калони 5:1 дастболо шуда, ба даври ½ финал роҳ ёфт. Акнун «Арсенал» дар нимфинал бо «Вилярреал» рӯ ба рӯ мешавад.

“Виляреал” – и Испания дар даври чорякниҳоии мусобиқа рақибаш тими “Динамо Загреб” – и Хорватияро дар ду рақобат шикаст дода роҳхати даври ниманиҳоии Лигаи Аврупоро соҳиб шуд. Дидори ҷавобии дастаҳо бо мизбонии дастаи испанӣ сурат гирифта, бо натиҷаи 2:1 хотима ёфт. Пако Алкасер ва Жерар Морено муаллифи голҳои дастаи Виляреал дар дидори иншаба гардиданд. Ягона голи дастаи “Динамо” – ро Оршич  ба номаш сабт кард. Ҳамин тавр, бо ҷамбасти ду дидор “Виляреал” бо натиҷаи 3:1 пируз шуд.

Дар рақобатҳои дигар дастаҳои “Манчестер Юнайтед” бо “Гранада” – и Испания вориди майдони рақобат шуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Олд Трафолд доир гардида, бо натиҷаи 2:0 ҷамбаст гардид. Эдинсон Кавани нахуст дар дақиқаи 6-ум ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. Дар дақиқаи 90-ум яке аз ҳамлаҳои “Манчестер Юнайтед” бо худголи дифоъгари “Гранада” – Хесус Валйехо хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки вохӯрии аввали дастаҳо низ бо пирӯзии “Манчестер Юнайтед” бо ҳисоби 2:0 хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, дастаи англис дар ду бозӣ бо натиҷаи 4:0 дастболо шуда, гузарномаи нимфиналро соҳиб шуданд. Дар даври нимфинал шогирдони Сулшер бо дастаи “Рома” – и Италия рақобат мекунанд.

Ромаи италия дар даври чорякфинали мусобиқаи Лигаи Аврупо тими Аякси Голандияро бартараф намуд. Ҳарчанд дидори ҷавобии дастаҳо дар варзишгоҳи Олимпико бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст шуд, дастаи шаҳри Рим бо пирӯзиаш дар дидори аввала тавонист, роҳашро ба сӯи даври нимфинал ҳамвор созад. Вохӯрии аввали дастаҳо бо натиҷаи 2:1 ҷамбаст шуда буд.

Ҳамин тавр, дар даври ниманиҳоии мусобиқаи Лигаи Аврупо “Манчестер Юнайтед” – у “Рома” ва “Арсенал” – у “Виляреал”, ки рӯзи 29-уми апрел дар назар дошта шудааст вориди майдони рақобат хоҳанд шуд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE