Вазорат гуфт, дар 20 рӯзи даъвати баҳорӣ нақша чанд фоиз иҷро шуд

Давоми 20 рӯзе, ки маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, иҷрои нақшаи он дар мамлакат 80,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон, дар ин давра иҷрои нақша  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 91 фоиз баробар мебошад. Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар гарнизони Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар шаҳру навоҳии ин вилоят 79 фоизро дар бар мегирад.

Маҳз самти дурусти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили маъракаҳои идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан сабаб гардидааст, ки давоми ду даҳрӯзаи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 67 фоиз расидааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел бо оғоз гардидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ- дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ ва 10 апрел чаҳор навоҳии пойтахт нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE