Душанбе: мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар дастаҳои гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷаи сабқати байни дастаҳо «Содиқони Ватан»-и ноҳияи Сино сазовори ҷои аввал, «Далерони Ватан»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷои дуюм ва дастаҳои «Сипар»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шуҷои Ватан»-и ноҳияи Фирдавсӣ ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Тавре ки аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (вазнбардорӣ, бандкашӣ ва турниккашӣ), омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ ва пешниҳод намудани варақаи ҳарбӣ- ватанпарварӣ ва шарҳи он доир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи харбӣ – варзишии «Ватанпарвар» байни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадафи он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи марзу бум, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода намудани хонандагон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.