Чоршанбеев: дар чеҳраи ҳар даъватшаванда ифтихори баланди ватандорӣ мушоҳида мешавад

Рӯзи 10-уми марти соли равон Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид.

Мувофиқи ин фармон, ҷавонони шуҷову далери мамлакат аз аввали моҳи апрел дар фазои ҳамдиливу ҳамбастаги ба Комисариатҳои маҳалли худ омада, ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд. Дар ин миён, ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни дигар ҳамтоёни худ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи ба зимма гузошташудаашонро дар ҳафтаҳои аввали мавсим ҷорӣ иҷро намуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбеев мегӯяд, имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарди даъватшаванда ифтихори баланди ватандорӣ ва ҳуввияти миллӣ мушоҳида мешавад. Бо мақсади ҳифзу ҳимояи марзи худ ҷавонони вилоят пайи иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш, ба хидмати ҳарбӣ равона гардиданд. Мавсуф мегӯяд, тайи чанд соли охир ҷавонони вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин шуда нақшаи даъватро иҷро менамоянд. Хусусан, имсол дар даҳаҳои аввали мавсим, Нақшаи пешниҳодшуда 105 фисад иҷро гардид. “Сабабу омил, роҳҳои тарғибу ташвиқ ва ҷалбро Сураҷ Чоршанбеев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, таблиғу ташвиқоти дуруст ва бедор гардонидани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон, гуфт.

Ба андешаи Чоршанбеев, имсол барои ҷавонони натанҳо вилоят, балки тамоми манотиқи кишвар соли таърихӣ ва фаромушношуданист. Зеро чандин ҷашну чорабиниҳои миллӣ таҷлил мегардад. Ҳоло ки чанде баъд, дар мамлакатамон рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад, ҷавонони вилоят низ аз ҳозир омодагии ҷиддӣ гирифтанд. Мусобиқаҳои варзишӣ, дидору мулоқот бо ҷавонони деҳаҳои дурдасти вилоят, чорабиниҳои фарҳангиву зеҳнӣ аз зумраи онҳост.

Тавре ки ин мақомодори вилоят мегӯяд, ҷавонони вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон имрӯзҳо омодаанд ҳамроҳ бо дигар ҷавонони шаҳру навоҳии мамлакат дар ҳама ҳолат ҳифзу ҳимояи меҳани худро ба дӯш гиранд. Мо низ дар ин роҳи пурмасъулият баҳрашон барор хоҳонем.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE