Пагоҳ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Боғи “Ирам” ҷамъбаст мешавад

Пагоҳ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар он аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ҳунармандон аз гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонони пойтахт иштирок менамоянд.

Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» пагоҳ, соати 8:30 оғоз мегардад. Сокинон ва меҳмонон метавонанд аз ин намоишгоҳ дидан намуда, доир ба ҳунарҳои миллии тоҷикон маълумот пайдо намоянд. Инчунин иштирокчиёни фаъоли фестивал аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷом, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Дар  Фестивали мазкур  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳунарҳои мардумиро  пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Фестивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

 
Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодаанд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат  ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандону соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок  муқаррар гардидаанд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода мебаранд.

Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм 24 апрел ҷамъбаст мегардад.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз азал бо ҳунармандии худ шуҳрат доштаанд. Инчунин дар давраҳои гузашта ба кӯча ва маҳаллаҳои деҳот номи ҳунарҳо гузошта  мешуданд, ба мисли кӯчаи Заргарон, Нонвоён, Мисгарон, Чӯбтарошон, Кулолгарон ва ғайра. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат менамуд.

Бояд гуфт, ки баргузории фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE