Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ғарқи киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии Ҷумҳурии Индонезия дар баҳри Балӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар натиҷаи он моро андӯҳгин намуд.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».