Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳабибулозода Р. Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 апрели соли 2021
№167
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бобоҷонзода М. Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 апрели соли 2021
№168