Корвони туҳфаҳои Пешвои миллат ба Турсунзода расид
Ба иттилои Фирӯз Холиқов, котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, “ин шоҳасар саҳифаҳои пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷиконро инъикос намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки барои таҳкими пояҳои давлатдории хеш ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии насли ҷавон аз саҳифаи таърихи ниёгон сабақи ибратомӯз бардорем. Хушбахтона, туҳфаи пурарзиши муҳтарам Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода низ ворид гардида, аз ҷониби мардуми меҳнатдӯсти шаҳр бо хушҳолӣ пазируфта шуд. Ҷиҳати сари вақт расонидани туҳфаи Сарвари давлат ба аҳолӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссия таъсис гардида, тақсими китобҳо дар 9 ҷамоати деҳот ва маркази шаҳр, ки фарогири беш аз 55 ҳазор хонавода аст, муташаккилона амалӣ карда мешавад”.
Сокини Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлол Ибодулло Мирзоев зимни қабули туҳфаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «барои ман мояи ифтихор аст, ки яке аз бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид. Мутмаинам, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад».
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда мешавад.