Беҳтарин бозингар ва мураббии футбол дар моҳи апрел муайян шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи апрелро таҳлил карда, беҳтарин бозингар ва мураббии моҳро дар Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян намуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Беҳтарин бозингари  моҳи апрел ҳамлавари дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  Азизбек Султонов дониста шуд. Моҳи гузашта ӯ ду гол ба нишон расонида, дар ду рақобат беҳтарин бозингар дар майдон эътироф гардид.

Ҳамчунин беҳтарин мураббии моҳи апрел сармураббии дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Тоҳир Муъминов эълон шуд. Зери роҳбарии Тоҳир Муъминов дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар чаҳор рақобат  8 имтиёз ба даст овард.

Пеш аз оғози даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба ҳар кадом ҷоизадори моҳи апрел дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE