ФАВРӢ: дар натиҷаи омадани сел 7 нафар ба ҳалокат расиданд
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд.
Дар шаҳри Кулоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд. Дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.