Аз номи Пешвои миллат дар ноҳияи Муъминобод ба як қатор фаъолон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Ба муносибати 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ин ноҳия — Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон ва Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ин бора  АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад.

Юсуф Раҳмон сокинони ноҳияи Муъминободро бахшида ба ин санаи муборак табрик намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.Сипас ӯ аз номи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор фаъолони ноҳия, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд, ин мукофотҳоро эъто намуд. Аз ҷумла, ба муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва раиси хоҷагии деҳқонии «Ғринг», ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, медали «Хизмати шоиста» супорида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE