Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши телевизион ва радио густариш  медиҳанд

Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши телевизион ва радио ба роҳ монда,  густариш  медиҳанд. Масъалаи тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши телевизион ва радио дар мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи омодагӣ ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия матраҳ гардид. Инчунин, мусоҳибон барои ҳамкорӣ дар самти бозомӯзию табодули таҷрибаи кормандон, бартараф намудани мушкилоти техникии пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионию радиоӣ ибрози назар намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE