Cарояндаи маъруфи тоҷик Чиллахон Холов даргузашт

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхони маъруфи тоҷик Чиллахон Холов даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум хабар доданд. Мавсуф чанд соли охир аз бемории вазнин азият мекашид.

Бояд ёдовар шавем, ки ҳунар барои Чиллахон Холов мафҳуми олӣ ва ҳунарманд шахсияти хеле арзишманд аст. Дар муаррифии фарҳангу маданияти миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми назаррас дорад. Ғаввоси бомаҳоратест дар уқёнуси беканори санъату мусиқӣ. Фаъолият доштан дар ҷодаи санъат ва ҳунарро барои худ рисолати бузурги фарҳангӣ ва мояи ифтихору сарфарозӣ медонист. Дилбохтаи ашъори ниёгон буду донандаи хуби вазни арӯз. Дар офаридани сурудҳои фолклорию лирикӣ ҳамто надошт. Сокини олами илму маонӣ буд. Аз шогирдони устоди зиндаёд Зафар Нозимов буда, аксари эҷодаш аз ашъори Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ об мехӯрад.

Ба наздикон ва алоқандони эҷодиёти Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов изҳори ҳамдардӣ менамоем. Ёду номи ҳунаманди хушном гиромӣ бод!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE